Баромади судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Муҳаммадзода Р.М. бо сокинони ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ доир ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

           

 

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вохӯрии судяи суди ноҳияи Панҷ Муҳаммадзода Р.М. бо сокинон дар ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои марбут ба омӯзиш ва татбиқи дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироашуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар баромад таъкид гардид, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву роҳнамо самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро муайян намуда, иҷрои босифати он вазифаи ҳар як корманди мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими волоияти қонун аз самтҳои муҳими дар Паём зикршуда ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки мақомоти судӣ дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат нақши муҳим дошта, таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро вазифаи асосии худ мешуморанд.

   

Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон ба ҳамкории фаъол бо мақомоти давлатӣ ва риояи ҳатмии қонунгузорӣ даъват карда шуданд.