
Санаи 14 апрели соли 2026 дар доираи нақша чорабиниҳои суди ноҳияи Панҷ ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар бинои маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ маҷлиси сайёри судӣ бо иштироки судяи суди ноҳияи Панҷ Расулзода А.М. ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ баргузор гардид.
Дар рафти маҷлиси мазкур парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шункиев С.У. дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии ҳатмӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни баррасии парванда муайян гардид, ки судшаванда Шункиев С.У. бо амалҳои худ ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии ҳатмии фарзанди ноболиғаш монеа эҷод намуда, дар натиҷа охирин ба миқдори 372 соат аз дарс қафо мондааст.
Дар маҷлиси сайёр намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни маҷлиси судӣ ҳолатҳои воқеии парванда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор гирифта, далелу санадҳои ҷамъовардашуда таҳқиқ ва ба кирдори судшаванда баҳои ҳуқуқӣ дода шуд.

Суди ноҳияи Панҷ 