Санаи 8-уми майи соли 2026 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, аз фаъолияти суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳокимияти судӣ инчунин, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бинои суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъмири асосӣ гузаронида шудааст.
Таҳким ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ аз муҳайё намудани шароити зарури ҷиҳати дастрасии аҳолӣ ба адолати судӣ арзёбӣ мегардад.




Суди ноҳияи Панҷ 
