Баромади Раиси Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Сафарзода Д.А. бо сокинони ноҳия дар Ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ доир ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

     

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар яке аз санадҳои муҳимми сиёсиву стратегӣ ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии рушди давлат, пешрафти иқтисоди миллӣ, таҳкими қонунияту тартибот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро муайян менамояд. Паёми навбатӣ низ чун ҳамеша фарогири масъалаҳои калидии ҷомеа буда, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пешбурди сиёсати созандаи кишвар равона гардидааст.

Дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори иқтисодиёт, саноатикунонии босуръат, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандон таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки барои рушди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бояд ҳамкории зичи давлат ва ҷомеа ва истифодаи самараноки захираҳо дар мадди аввал қарор гирад.

Ҳамзамон, дар Паём ба масъалаҳои рушди соҳаи маорифу илм, тандурустӣ, фарҳанг, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки танҳо бо заҳмати содиқона, масъулияти баланд ва ҳамкории зичи ҷомеа метавон ба пешрафти устувори давлат ноил гардид.

Шарҳи муҳтавои Паём нишон медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини волоияти қонун, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон диққати ҷиддӣ медиҳад. Инчунин, вазифагузорӣ оид ба рақамикунонии соҳаҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва рушди идоракунии самаранок аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳамчун роҳнамо ва барномаи амал хизмат намуда, моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва заҳмати созанда барои рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.