ТОБЕИЯТ БА ҚОНУН ОЗОДИИ ВОҚЕИСТ

Инсоният дар замони муосир ба олитарин дастовардҳои илмиву техникӣ ноил гардида, ҳар замон барои истеҳсолоту офариниши ҷадид дар талош аст. Махсусан, дар самти офариниши техника ва технология, ки дар ҳоли имрӯз бидуни онҳо ҳаёти инсони муосирро тасаввур карда наметавон, рақобатҳо то рафт шадид мегарданд. Аз нигоҳи аввал технологияи мусир ҳаёти инсонҳоро даҳчанд осон намудаву барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ равзанаи асосӣ ба ҷаҳон гардидааст. Хосатан, интернет инсонҳои тамоми оламро мисли сокинони як деҳа бо ҳам пайваст намуд. Дуруст аст, ки имрӯз ҷаҳон як деҳаи калонеро мемонад, ки аз ҳар як воқеа ҳамагон дар зудтарин фурсат огоҳӣ меёбанд. Дар назари аввал ин хуб аст, чун инсонҳо дар фосилаҳо бо ҳам наздик гардидаву дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ ва ҳатто глобалӣ барои ҳамдигар мусоидат мекунанд. Аммо, мутаассифона, на ҳама инсонҳои рӯйи олам як ҳадаф доранд, на ҳама шодии дигаронро дида метавонад, на ҳар кас дар фикри оромиву осодугӣ ва ободист.

Дар ин раванд бархӯрди тамаддунҳо, ҳуҷумҳои иттилоотӣ, тарғиботи ҳадафнок, ки инсони сустиродаро ба бегонапарастиву гумроҳӣ мебарад,  аз мушкилоти замони муосир ба ҳисоб мераванд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” хуб баён намуда, ҳамчунин гушрас карданд, ки дар ҳама гуна вазъият мо бояд барои ҳифзи амнияти миллӣ ҳушёриро аз даст надиҳем: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.”

Бидуни баҳс интерент дар замони муосир пурқудраттарин силоҳест, ки тавассути таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон тамоми ҳадафҳоро нишонрас мегардонад. Аз ин рӯ, дар ҷангҳои сарду иттилоотӣ аз он васеъ истифода шуда, ҷониби истифодабаранда ҳамеша ба мақсад мерасад. Аз ин қудрати муқоисанашавандаи интернет гуруҳҳои манфиатхоҳ хуб огоҳӣ доранду  ҳадафҳои муғризонаи худро тавассути сомонаҳои махсуси таъсиррасон амалӣ мегардонанд.

Истифодабарандаи асосии интернет насли наврасу ҷавон ба ҳисоб мераванд, ки аз нигоҳи равонӣ зудбовар ва дар ҷушу хурӯшанд, пайваста дар ҷустуҷӯи навгониҳо қарор доранд. Ин махсусиятҳои равонии аудиторияи мақсадноки худро ба инобат гирифта, гурӯҳҳо манфиатҷуву иғвогар тавассути ҷавонони ноогоҳ ҳадафҳои нопоки худро татбиқ гардониданӣ мешаванд. Дарёфти ҷавонони зудбовар тавассут сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо аз дилхоҳ нуқтаи  дунё қуллай аст. Аз ин лиҳоз гуруҳҳои террористии бемиллату бемазҳаб зери ниқоби дину мазҳаб, идеяҳои дурӯғини худро, ки гуё барои озодиву ободӣ қаҳрамонӣ карданиянд, бо ваъдаи зиндагии “арзанда” ҷавононро ба гумроҳӣ мебаранд, ҳаёти орому осудаи онҳоро  барбод дода, ба номашон доғи абадӣ мезананд.

Сарбории барзиёди иттилоотӣ инсонро ба шакку шубҳаҳои зиёд мебарад, чунки на ҳар шахс қобилияти дуруст ҳазм намудану ҷудо кардани иттилои саҳеҳро дорад. Ошно набудани ҷомеа бо рӯйхати сомонаҳои террористӣ ва сомонаҳое, ки дар дохили Тоҷикистон фаъолияти онҳо мамнуъ дониста шудааст, ҳамчун сарчашмаи иттилоот метавонад истифода  гардад, ки натиҷаҳои нохуб ба бор меорад. Дар пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро, ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстримистӣ Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дошта, барои огоҳонидани ҷомеа аз фаъолияти муғризонаи онҳо ва шиносонидани ин гурӯҳҳои нопок ба оммаи васеъ рӯйхати ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ мушаххас гардида, бо қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияти онҳо манъ карда шудааст.Шумораи ин ҳизбу ҳаракатҳо ба 25 расида, огоҳӣ дода мешавад, ки “ҳама гунна ҳамкорӣ, кўмак, аъзо шудан ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистии зикршуда, тарафдорӣ кардан ё ҳақ шуморидани ғояву фаъолияти онҳо қатъиян манъ аст!” Таҷрибаҳои судӣ нишон медиҳанд, ки бархе шаҳрвандони ҷумуҳрӣ бо сабаби надонистан ва шинос набудан бо гурӯҳҳои номбурда ба саҳифаҳои иҷтимоии онҳо ҳамроҳ шуда, ба домашон гирифтор мешаванд. Ҳол он ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Аз ин сабаб, дар Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикситн дар бораи манъ намудани фаъолияти ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстримистӣ таъкид мегардад, ки “барои ҳамкорӣ, кўмак, аъзо шудан ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистии зикршуда, тарафдорӣ кардан ё ҳақ шуморидани ғояву фаъолияти онҳо тибқи кодекси ҷиноятии ҷумҳурии тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.” Воситаҳои иртиботӣ ва шаҳрвандонро лозим аст, ки барои паҳн намудани руйхати гурӯҳҳои ифротгаро ва иттилои саҳеҳ саҳмгузор бошанд.

Тавассути воситаҳои ахбори омма пайваста пешниҳод намудани иттилои саҳеҳ ва гузаронидани фаҳмондадиҳиҳо миёни ҷомеа ба манфиати кор аст. Дар навбати худ ҷомеа низ барои эмин доштани худу наздикон аз омилҳои номатлуб барои гирифтани хабар ба  сарачашмаҳои расмӣ, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ шудаанд, рӯ оварад, беҳтар аст. Чунончӣ мегӯянд, хоҳӣ, ки озод бошӣ, тобеи қонун бош.

Ҳарчанд ҳукумати тамоми кишварҳо ва сохторҳои марбута барои пешгирии роҳи амалҳои номатлуб тавассути интернет чораҳо меанешанд, аммо олами интернет дунёи беканори идоранашаванда аст. Ягона роҳи пешгирии ҳадафҳои гуруҳҳои террористӣ тавассути воситаҳои иртиботӣ ва кибератакаҳо ин боло бурдани донишу фаҳмиши техникӣ, ҳуввияти миилӣ, тафаккури танқидӣ, фаҳмиши дурусти динниву мазҳабӣ ва боло бурдани маърифату фарҳанги насли наврасу ҷавон аст.

Барои эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва мағзшӯйии гурӯҳҳои террористӣ аз оила то ниҳодҳои давлатӣ бояд барои худшиносӣ, баланд бардоштани ҳисси милливу ватандӯстӣ, муҳаббат ба арзишҳои  фарҳангии ниёгон, дониш ва фаҳмиши дурусти динниву мазҳабии ҷомеа саҳмгузор  бошем. Бетарафии мо нисбати амалҳои кӯчаки беодобона ва иғвогаронаи насли наврас, ки замина барои амалҳои даҳшатовару нангин гардида метавонад, сабаби бешарафии мову миллати азизи мо гардадиданаш мумкин аст. Тобеияти аз ҳад зиёди кӯдакон ба телефонҳои мобилии пайваст бо интернет ва машғул намудани онҳо ба бозиҳои агресивӣ нишоне аз каҷҷи хишти аввал дар тарбияти ояндаи миллат ҳисобем, хато намекунем. Аз ин лиҳоз, бо падидаҳои замони муосир бояд эҳтиёткорона муносибат намоем.

 

Сафарзода Диловар Амиралӣ
Раиси Суди ноҳияи Панҷи
вилояти Хатлон