КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ОЛИИ ДАВЛАТДОРӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсози миллати тоҷик буда, барои халқ ва аз ҷониби халқ пазируфта шудааст. Он бо назардошти тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванду арзишҳои байналмилалӣ таҳия гардидааст. Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар он зоҳир мешавад, ки  ин ҳуҷҷати тақдирсоз омили асосии таъсиси  давлати дорои хусусиятҳои ҷаҳонӣ гардиду мустақилияти давлатро бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам намуд. Дар ин баробар, Конститутсия самти фаъолияти мақомоти давлатиро ба низом дароварда, мақоми онҳоро дар низоми давлатдорӣ муайян намуд. Аз ҷумла, баъди қабули Конститутсия ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳими сохтори ҳокимияти давлатӣ шинохта шудаву дар мақоми ниҳоди татбиқкунандаи адолати судӣ ташаккул ёфтааст. Мутобиқи моддаи 9-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”.

Бояд зикр намуд, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии мамлакат дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудаву ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардид.  Дар ин асно, боби 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири 9 мода аст, пурра ба Суд бахшида шуда, мавқею манзалати мақомоти судиро боз ҳам болотар мебардорад.

Бояд дар назар дошт, ки баъд аз қабули Конститутсия низоми судии мамлакат бо суръати тоза рушд намуда, ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ заминаи боэътимод гузошта шуд.  Аз ҷиҳати тарзи ташкилию сифатӣ ва миқдорӣ ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат — Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуданд. Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии кишвар аз санаи 5 декабри соли 2024 зикр карданд: “Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, принсипу меъёрҳои ҳокимияти судӣ муқаррар ва тартиби фаъолияти онҳо мушаххас гардид. Тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо буда, нақшу мавқеи он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим аст. Дар ҳамин асос, соли 1995 барои рушду такмили фаъолияти мақомоти судӣ шаш қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд. Қонунҳои зикршуда фаъолияти судҳои кишвар ва низоми судии кишварро мукаммал гардониданд. Судяҳо вазифадоранд, ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақилу беғараз бошанд ва қарорҳои судиро танҳо дар доираи талаботи қонун қабул намоянд”.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд, ки ҳамаи он аз Конститутсия сарчашма мегиранд. Аз ҷумла, барои рушди мақомоти судӣ Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.

Бо дарки масъулият ҳокимияти судӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрванд нақши бориз гузошта, имрӯзҳо низ баҳри таъмини адолати судӣ ва ҳифзи арзишҳои давлативу демократӣ саъю талош намуда, дар фаъолияти худ пеш аз ҳама ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такя менамояд, зеро он санади олии давлатӣ буда, муайянкунандаи роҳи дурусти давлатдорӣ ҳисобида мешавад.

Раиси Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

Сафарзода Диловар Амиралӣ