Бо мақсади сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини тозагӣ ва ободонӣ, дар бинои суди ноҳияи Панҷ санаи 18.04.2026 сол шанбегӣ баргузор гардид.


Дар рафти шанбегӣ бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, корҳои тозакунӣ, ободонӣ ва ба тартиб даровардани ҳудуди бино ва гирду атрофи он анҷом дода шуданд.
Ҳамзамон, корҳои рангубор, аз ҷумла рангу бор кардани панҷараҳои атрофи бинои суд низ ба анҷом расонида шуданд.
Шанбегӣ дар фазои ҳамбастагӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ баргузор гардида, барои беҳдошти муҳити корӣ саҳми назаррас гузошт.



Суди ноҳияи Панҷ 
