
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти судӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва тақвияти ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, маҷлиси сайёри судӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба моддаи 343 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни маҷлиси судӣ ҳолатҳои воқеии парванда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор гирифта, далелу санадҳои ҷамъовардашуда таҳқиқ ва ба кирдори судшаванда баҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Суд зимни баррасии парванда таъкид намуд, ки иҷрои уҳдадории ҳарбӣ яке аз вазифаҳои муҳими конститутсионии ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, саркашӣ аз он боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
Ҳамзамон, зимни баргузории маҷлиси сайёр ба ҳозирин моҳияти қонунгузории амалкунанда, оқибатҳои ҳуқуқии саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, инчунин аҳамияти хизмати ҳарбӣ дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар шарҳ дода шуд. Қайд гардид, ки риояи қонун, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои шаҳрвандӣ омили муҳими суботу оромии ҷомеа мебошад.

Суди ноҳияи Панҷ 