Баромади Раиси Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Сафарзода Д.А. бо сокинони ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ доир ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

       

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеаро муайян намуда, вазифаҳои мушаххасро барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ пеш мегузорад.

Зимни шарҳи муҳтавои Паём таъкид гардид, ки таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини волоияти қонун, рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръат, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат маҳсуб меёбанд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Қайд карда шуд, ки татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат, истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ ва масъулияти баланди ҳар як корманд заминаи устувор барои пешрафти соҳа ва хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон мебошад.

Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки бо заҳмати содиқона ва фаъолияти масъулона мо метавонем дар татбиқи сиёсати созандаи давлат ва рушду ободии Тоҷикистони азиз саҳми назаррас гузорем.