
Баромади мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо санаи 02.02.2026 сол баргузор гардида, зимни он қайд карда шуд, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таҳкими суботи ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои оилавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Таъкид шуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки пешгирии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, бахусус миёни ҷавонон оғоз меёбад. Зарурати тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ зикр карда шуд.

Дар баромад нақши оила ҳамчун пояи асосии ҷомеа муҳим арзёбӣ гардида, пешгирии вайроншавии оилаҳо, таҳкими масъулияти падару модар ва тарбияи солими фарзандон вазифаи умумии ҷомеа шуморида шуд.
Суди ноҳияи Панҷ 