Баргузории баромади Раиси Суди ноҳияи Панҷ Сафарзода Д.А. дар доираи нақша чорабиниҳои суди ноҳияи Панҷ доир ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷамоати деҳоти Кабут Суйфутдинови ноҳияи Панҷ

         

Дар баромади худ раиси суди ноҳияи Панҷ Сафарзода Д.А. санаи 04.02.2026 сол иброз кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти устувори кишвар роҳнамо мебошад. Қайд гардид, ки дар Паём ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, эҳтиром ба қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.

Ҳамчунин дар баромад нақши оила ҳамчун пояи асосии ҷомеа муҳим арзёбӣ гардида, пешгирии вайроншавии оилаҳо, таҳкими масъулияти падару модар ва тарбияи солими фарзандон вазифаи умумии ҷомеа шуморида шуд.