Стратегияи муқовимат бо коррупсия

        Тасдиқ  мекунам

Раиси суди ноҳияи Панҷ

 

________________Абдураҳмонзода Б.С.

 

«____»_________________соли 2018

 

Н А Қ Ш А И

 

Чорабиноҳои дохилиидоравии иловагии суди ноҳояи Панҷ вобаста ба татбиқи

«Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2013-2020»  (солҳои 2018-2020)

 

 

Номгӯи чорабиниҳо Муҳлати

иҷро

Шахсони масъул Натиҷаи

иҷро

1

(1)

Омӯзиши таҷрибаи муваффақи давлатҳои пешқадам оид ба пешгирию мубориза бо коррупсия ва дар амал татбиқ намудани он. Соли 2018-2020 Раис ва судяҳо  
2

(2)

Татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» ҷиҳати такмили низомӣ ғайринақдии пардохтҳо дар муносибатҳои молиявӣ . Соли 2018-2020 Раси суд  
3

(3)

Табъу нашри маводи илмию омавӣ дар мавзӯҳои зиддикоррупсиони дар «нашрияи Суди Оли». Соли 2018-2020 Раис ва судяҳо  
4

(4)

Бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ташкил намудани бозомӯзӣ меъёрҳои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия, нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020. Кодекси одоби судя ва кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳамин мавзӯъ. Мунтазам Судя Абдуллозода А.Б.  
5

(5)

Ҷамбасти таҷрибаи судӣ оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ки дар солҳои 2017-2018 аз ҷониби судҳои ҷумҳури баррасӣ гардидаанд, ошкор кардани сабабу шароитҳои ба содиршавии ҷиноятҳо мусоидаткунанда ва ба мақомотҳои дахлдор равон кардани пешниҳодҳо ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо. Соли 2018-2019 Судя Зайдуллозода С.М.  
6

(6)

Иштироки фаолона дар мониторингҳои Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия инчунин дар чорабиниҳои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунтазам Раис ва судяҳо  
7

(7)

 

Андешидани татбирҳои иловагӣ дар самти интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти судӣ ва тавассути озмуну санҷиши ҳаматарафи шахсият ба кор қабул кардани хизматчиёни давлатӣ Мунтазам Раиси суд  
8

(8)

 

Таъмини фаъолияти муътадили баррасии масъалаҳо вобаста ба риояи қоидаҳои касбии одоби судяҳо Мунтазам Раиси суд  
9

(9)

 

Баромадҳо тавассути телевизион ва радио оид ба фаҳмондадиҳии моҳият ва ҳадафҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020.      
10

(10)

Нашри мақолаҳо аз амалияи судӣ вобаста ба масъалаи муқовимат бо коррупсия ва оқибатҳои манфии он ба ҷамъияту давлат дар рӯзномаю маҷалаҳои расмӣ

 

Мунтазам Раис ва судяҳо  

 

 

Эзоҳ: Аз натиҷаи иҷроиши нақшаи мазкур      ҳар нимсола ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти хаттӣ пешниҳод карда шавад.

 

Назорати иҷрои нақшаи мазкур ба зиммаи раиси суди ноҳияи вогузор карда шавад.