Корҳои ободонӣ дар суди ноҳияи Панҷ

Бахшида ба ҷашни 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Панҷ корҳои ободонӣ, созандагӣ, тозаю озода нигоҳ доштани бинои суд аз ҷумла азнавсозии девори замонавии гирду атрофи бино ва кабудизоркунии саҳни ҳавлӣ бо маром идома дошта, кормандони суд тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ ба таври муносиб оро додани намуди берунӣ ва дохилии бинои суд камари ҳиммат банданд.