Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон  

Санаи 5 сентябри соли 2025 дар толори маҷлиси судии суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 34 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси суд, судяҳо  ва кормандони дастгоҳи суд оғоз гардида, дар маҷлиси мазкур иштирокчиёнро Раиси суд муҳтарам Сафарзода Д.А. судяи суди ноҳияи Панҷ Муҳаммадзода Р. ва котиби суд Ҳоҷимоҳи С. бо фарорасии Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар мавзуҳои марбут ба Истиқлолияти давлатӣ баромадҳо доир намуданд.